Машҳад, конуни депломасии иқтисодӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i48909-Машҳад_конуни_депломасии_иқтисодӣ
Намоишгоҳи фурсатҳои сармоягузорӣ ва иқтисоди шаҳрӣ бо ҳадафи ошноии ҷаҳониён бо тавонмандиҳои мухталифи шаҳрии Машҳад мизбони 28 намояндаи Эрон дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон буд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 07, 2019 18:44 Asia/Dushanbe
  • Машҳад, конуни депломасии иқтисодӣ

Намоишгоҳи фурсатҳои сармоягузорӣ ва иқтисоди шаҳрӣ бо ҳадафи ошноии ҷаҳониён бо тавонмандиҳои мухталифи шаҳрии Машҳад мизбони 28 намояндаи Эрон дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон буд.

Ба нақл аз Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон, 28 сафири Эрон дар кишварҳои мухталиф аз намоишгоҳи фурсатҳои сармоягузорӣ ва иқтисоди шаҳрӣ боздид карданд. Ин боздид барои нахустин бор бо ҳадафи шиносоии фурсатҳои сармоягузорӣ дар Машҳад анҷом шуд, то дар ояндаи на чандон дур шоҳиди он бошем, ки Машҳад ба унвони яке аз мутамоизтарин шаҳрҳо дар ҳавзаи иқтисоди шаҳрӣ дар арсаи байналмиллалӣ шинохта шавад.

Нуктаи қобили тааммул он аст, ки ин ашхос дар моҳи оянда ба унвони сафир ва сарконсул ба кишварҳои мухталифи дунё эъзом хоҳанд шуд, то зимни муаррифӣ ва шиносоии фурсатҳои сармоягузории калоншаҳри Машҳад дар арсаи байналмиллалӣ расолати хешро дар заминаи депломасии иқтисодӣ ва машварат бо мақомоти кишварҳои муқим дар хусуси иртиқои муровидот ва мубодилоти иқтисодӣ ба наҳви аҳсан анҷом диҳанд.

Нахустин намоишгоҳи фурсатҳои сармоягузорӣ ва иқтисоди шаҳрӣ 3 то 7 декабр аз соати 16 то 22 дар ҳоли баргузорӣ аст.