Озодии донишманди эронӣ аз зиндони Амрико
Масъуди Сулаймонӣ донишманди эронӣ пас аз таҳаммули як сол гаравгонгирӣ ва ҳабси ғайриқонунӣ дар Амрико озод ва таҳвили мақомоти Эрон шуд.
Ба нақл аз радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин озодӣ натиҷаи талошҳо ва пайгириҳои Вазорати умури хориҷа ва ҳамкории ниҳодҳои амниятӣ ва қазоии Эрон буд, ки дар як фароянди депломатик бо ҳамкории давлати Швейтсария ба озодии ин донишманди эронӣ анҷомид.
Масъуди Сулаймонӣ устодтамом (болотарин дараҷаи устодӣ)-и донишгоҳи Тарбият мударриси Теҳрон ва яке аз донишмандони барҷастаи эронӣ дар ҳавзаи селулҳои бунёдӣ аст, ки ба иттиҳоми беасоси давр задани таҳримҳои ғайриқонунии Амрико боздошт ва беш аз яксол дар Амрико зиндонӣ буд.
Сулаймонӣ имрӯз шанбе дар Швейтсария таҳвили мақомоти эронӣ шуд ва то соатҳои дигар вориди Эрон хоҳад шуд.
Ҳамчунин бо тасвиби Шурои олии амнияти миллӣ ва ҳамкорӣ ва мувофиқати ниҳодҳои қазоӣ ва амниятии Эрон Жао Ванг шаҳрванди амрикоие, ки ба ҷурми ҷосусӣ дар ҳоли гузарондани даврони маҳкумияти худ дар Эрон буд бо рафъати исломӣ озод ва барои бозгашт ба Амрико таҳвили мақомоти Швейтсария шуд.
Вазири умури хориҷаи Эрон имрӯз дар саҳифаи шахсии Твиттери худ бо интишори хабари озодии Масъуди Сулаймонӣ навишт бисёр хушҳолам, ки устод Масъуди Сулаймонӣ ва оқои Ванг ба зудӣ ба хонаводаҳояшон мепайванданд. Зариф аз ҳамаи касоне, ки дар ин амр дахолат доштанд ба вижа давлати Швейтсария қадрдонӣ кард.