Вуруди донишманди эронии озодшуда аз зиндони Амрико ба ватaн + видео
(last modified 2019-12-08T04:40:25+00:00 )
Декабр 08, 2019 09:40 Asia/Dushanbe

Масъуди Сулаймонӣ донишманди эронии озодшуда аз зиндони Амрико шанбешаб вориди фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон шуд.

Ба нақл ааз хабаргузории Садо ва симо, бо сафари Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон ба Сюрихи Швейтсария Масъуди Сулаймонӣ пас аз таҳаммули як сол гаравгонгирӣ ва ҳабси ғайриқонунӣ дар Амрико озод ва таҳвили мақомоти эронӣ шуд.

Бо пайгириҳои Вазорати умури хориҷа ва ҳамкории ниҳодҳои амниятӣ ва қазоии Ҷумҳурии исломии Эрон ва дар як фароянди депломатик бо ҳамкории даавлати Швейтсария Масъуди Сулаймонӣ донишманди эроние, ки ба иттиҳоми беасоси давр задани таҳримҳои ғайриқонунии Амрико боздошт ва беш аз яксол дар Амрико зиндонӣ буд озод шуд.

Ин донишманди эроние, ки дар риштаи хуншиносӣ ва селулҳои бунёдӣ таҳқиқ мекунад, бо визаи расмии таҳқиқотӣ ва бо ҳамоҳангии донишгоҳи Тарбият мударриси Теҳрон вориди фурудгоҳи Шикагои Амрико шуд, аммо Амрико дар иқдоме ғайриқонунӣ ва бо зери по гузоштани протоколҳои донишгоҳӣ ва таҳқиқотӣ, пеш аз вуруди доктор Сулаймонӣ ба хоки Амрико вайро боздошт ва ба зиндон мунтақил кард.