Декабр 08, 2019 17:00 Asia/Dushanbe
  • Ройзании Эрон ва Нигерия барои ҳалли мушкили Шайх Закзокӣ

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон аз ройзании Теҳрон ва Абуҷа барои ҳалли мушкили Шайх Иброҳим Закзокӣ, раҳбари Ҷунбиши исломии Нигерия хабар дод.

Сайид ААббоси Мӯсавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар посух ба пурсиши хабарнигорон бо ишора ба дидори ахири Муҳаммаду Буҳорӣ, раиси Ҷумҳури Нигерия ва Муҳаммадризо Наҳовандиён, муовини иқтисодии раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳошияи нишасти сарони Маҷмаи содиркунандагони газ дар Гвинеяи устувоӣ гуфт:

Дар ин дидор мавзӯоти мухталиф дар ҳавзаи равобити иқтисодӣ, таҳаввулоти минтақавӣ ва байналмилалӣ ва ҳамчунин мавзӯи Шайх Закзокӣ матраҳ аст.

Панҷумин нишасти сарони Маҷмаи кишварҳои содиркунандаи газ 30 ноябр дар Малабо, пойтахти Гвинеяи устувоӣ баргузор шуд.

Мӯсавӣ ибрози умедворӣ кард: Эрониҳо ва пайгириҳое, ки Эрон бо давлати Нигерия анҷом медиҳад, мӯҷиби тасреъ дар ҳалли мушкили Шайх Закзокӣ мешавад.

Шайх Закзокӣ ва ҳамсараш 13 декабри соли 2015 дар ҳамлаи низомиёни Нигерия ба Ҳусейнияе дар шаҳри Зария боздошт шуданд.