Декабр 11, 2019 13:26 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нишасти андешамандони рус ва ҳайати расонаии Эрон

Нишасти аъзои ҳайати расонаии Эрон ва ҷамъе аз андешамандон ва таҳлилгарони саршиноси рус дар Маскав баргузор шуд.

Дар идомаи дуввумин нишасти Кумитаи ҳамкории расонаии Эрон ва Русия, аъзои ҳайати расонаии Эрон зимни боздид аз бахшҳои мухталифи шабакаи хабарии "Russia Today", шабакаи телевизионии "Звезда"-и Русия ва хабаргузории "Россия сегодня" дар нишасте тахассусӣ бо ҳузури андешамандони русӣ, роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ ва муқобила бо ҳуҷуми расонаии Амрико  ва Ғарб зидди Теҳрон ва Маскавро баррасӣ карданд.

Муовини бурунмарзии Садо ва Симо, муовини матбуотии вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ ва ҷамъе аз мудирони масъули рӯзномаҳо ва хабаргузориҳои эронӣ, аъзои ҳайати расонаии Эрон дар сафар ба Русия ҳастанд.

Дуввумин нишасти Кумитаи ҳамкории расонаии Эрон ва Русия аз рӯзи душанбе дар Маскав оғоз ба кор кардааст.

 

 

Барчасп