Табодули донишманди эронӣ бо табааи амрикоӣ бидуни анҷоми музокира анҷом шуд
Декабр 11, 2019 14:56 Asia/Dushanbe
Ҳусейналӣ Амирӣ, муовини раисҷумҳур пас аз нишасти ҳайати давлат дар ҷамъи хабарнигорон, табодули донишманди эронӣ бо табааи амрикоиро иқдоме бидуни анҷоми музокира миёни мақомоти ду кишвар донист ва афзуд: Ин табааи амрикоӣ, ки дар Эрон маҳкумияти қазоӣ дошт, машмули раъфати исломӣ шуд ва ба кишвараш бозгашт.