Таъкиди фармондеҳони Нерӯи дарёии Эрон ва Покистон бар густариши ҳамкорӣ
Фармондеҳи Нерӯи дарёии артиши Эрон ва фармондеҳи Нерӯи дарёии Покистон бар густариши ҳамкории дуҷониба таъкид карданд.
Амири дарёдор Ҳусайни Хонзодӣ, фармондеҳи Нерӯи дарёии артиши Эрон, ки ба Покистон сафар кардааст, дар дидор бо Зафар Маҳмуд Аббосӣ, фармондеҳи Нерӯи дарёии ин кишвар, бо таъкид бар ин ки бисёре аз давлатҳои хориҷӣ талош мекунанд зарфиятҳои минтақа фаъол нашавад, гуфт: душманон дар садади эҷоди тафриқа байни кишварҳои минтақа ҳастанд, ки муқобила бо ин тавтеаҳо ҳушмандии кишварҳои ҳамсояро металабад.
Дарёдор Хонзодӣ ҳамчунин бо ишора ба раёсати Нерӯи дарёии артиши Эрон дар иҷлоси IONS (Иҷлоси кишварҳои ҳошияи Уқёнуси Ҳинд) тасреҳ кард, Эрон мунтазир аст то Покистон низ дар размоиши амнияти дарёӣ ҳузур ёбад.
Фармондеҳи Нерӯи дарёии артиши Эрон мавзӯи дарёро барои Покистон ва Эрон бисёр муҳим тавсиф кард ва афзуд, Эрон аз ҳамакнун омодаи эъзоми нов ба банодири Покистон аст.
Зафар Маҳмуд Аббосӣ, фармондеҳи Нерӯи дарёии Покистон низ дар ин дидор бо баёни ин ки Эрон ва Покистон иштирокоти фаровоне доранд, изҳор дошт, ду кишвар иштирокоте дар роҳгузари дарёӣ доранд, ки метавонад ба сатҳи даромади мусулмонони минтақа кумак кунад.
Аббосӣ гуфт, вуҷуди ин роҳгузар фурсати хубе барои истифодаи иқтисодӣ аст ва Эрон метавонад нуқтаи иттисоли хубе барои Шарқу Ғарб бошад.
Фармондеҳи Нерӯи дарёии Покистон бо баёни ин ки нерӯҳои дарёии Эрон ва Покистон метавонанд дар дарё даст ба дасти ҳам диҳанд гуфт, сатҳи равобити ду нерӯи дарёӣ кофӣ нест ва ду кишвар бояд дар ин минтақа нақши худро бештар кунанд.