Сарлашкар Саломӣ: Миллати Эрон ҳунармандона таҳдидҳои душманонро ба фурсат табдил мекунад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i49045
Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо ишора ба тавтеаҳои душманон зидди Эрони исломӣ гуфт, миллати Эрон ҳунармандона таҳдидҳои душманонро ба фурсат табдил мекунад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 11, 2019 17:44 Asia/Dushanbe
  • Сарлашкар Саломӣ: Миллати Эрон ҳунармандона таҳдидҳои душманонро ба фурсат табдил мекунад

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо ишора ба тавтеаҳои душманон зидди Эрони исломӣ гуфт, миллати Эрон ҳунармандона таҳдидҳои душманонро ба фурсат табдил мекунад.

Сардори сарлашкар Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи чаҳоршанбе дар Теҳрон, бо баёни ин ки мустакбирон ҳамаи арсаҳоро ба ҷабҳаҳои ҷанги сахт зидди низоми ҷумҳурии исломӣ табдил кардаанд, афзуд, душманон мехоҳанд аз шаклгирии улгӯи мустақили Эрон, ки ба каромати инсон, адолат, ахлоқ, маънавиёт, пешрафт ва рифоҳ меандешад, ҷилавгирӣ кунанд.

Сарлашкар Саломӣ бо ишора ба ин ки ҷаҳони Ислом мафҳуми ҷадиде дар низоми қудрати ҷаҳонӣ аст, гуфт, инқилоби исломии Эрон бо ҳадафи тавлиди низоми мустақил, муқтадир, озод ва бетаъсир аз иродаи қудратҳои истикборӣ шакл гирифт то Исломро ба арсаи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва дифоии ҷавомеи мусулмон мунтақил кунад.

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо баёни ин ки шохисҳои уфули қудратҳои истикборӣ дида мешавад ва чархаи заволашон оғоз шудааст, афзуд, душман дар талош аст бо бастани роҳи илму дониш ва шикаст додани созандагӣ, аз Эрони исломӣ кишваре ниёзманд бисозад, аммо ноком хоҳад монд.

Сарлашкар Саломӣ ҳамчунин бо ишора ба шаклгирии ҳамосаи Арбаини Ҳусайнӣ (а) тавассути миллати Эрон ва дигар мусулмонони ҷаҳон таъкид кард, Арбаин намоде аз муқовамати исломӣ ва шикасти душманон аст.