Дидори муовини Созмони муҳити зисти Эрон бо вазири муҳити зисти Венесуэла
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i49078-Дидори_муовини_Созмони_муҳити_зисти_Эрон_бо_вазири_муҳити_зисти_Венесуэла
Ҳайатҳои эронӣ ва венесуэлии ширкаткунанда дар иҷлоси тағйироти иқлимии Мадрид дидор карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 12, 2019 15:13 Asia/Dushanbe
  • Дидори муовини Созмони муҳити зисти Эрон бо вазири муҳити зисти Венесуэла

Ҳайатҳои эронӣ ва венесуэлии ширкаткунанда дар иҷлоси тағйироти иқлимии Мадрид дидор карданд.

Дар ин дидор Масъуди Таҷришӣ, муовини Созмони муҳити зисти Эрон заминаҳои ҳамкориҳои муҳитизистӣ байни Эрон ва Венесуэларо бо Освалдо Кобраро, вазири муҳити зисти Венесуэла баррасӣ кард.

Дар ин нишаст ду тараф ба собиқаи равобит ва ҳамкориҳои густурдаи ду кишвар дар ҳавзаҳои сиёсӣ, санъатӣ ва иқтисодӣ ишора карданд ва тарафи венесуэлӣ баҳрабардори аз таҷрибаҳои Эронро дар проектҳои мухталифи зистмуҳитӣ, аз ҷумла ҷанглкорӣ ва дониши фаннӣ дар ин замина хостор шуд.