Декабр 12, 2019 17:49 Asia/Dushanbe
  • Мақоми низомии Амрико: Бояд дар баробари Эрон хештандор буд

Раиси Ситоди муштараки артиши Амрико гуфт, дар шароити хосси кунунӣ, хештандорӣ дар баробари Эрон, муносибатрин посух аст ва бояд онро риоят кард.

Ба гузориши торномаи Milliyet Times, Марк Милли, раиси Ситоди муштараки артиши Амрико имрӯз (панҷшанбе) бо ҳузур дар Конгресс бо ишора ба ҳамалоти ракетии сурат гирифта дар ҳафтаҳои гузашта ба мақарҳои низомии Амрико дар Ироқ гуфт, Вашингтон дар даврае аз хатари ҷиддӣ бо Теҳрон қарор дорад ва бо Эрон бояд бисёр мӯҳтотона рафтор шавад.

Милер дар посух ба пурсиши Don Bakun, намояндаи ҷумҳурихоҳ дар мавриди ин, ки то чӣ замон Амрико мехоҳад дар баробари Эрон аз мавзеи заъф бархӯрд кунад, унвон кард, ки туп ҳамакнун дар замини Эрон аст ва наҳваи посухи Амрико ба иқдомоти Эрон бастагӣ дорад.

Пойгоҳи ҳавоии Балад, ки мақари истиқрори нерӯҳои артиши амрикоӣ ва паймонкорони амрикоӣ аст, панҷшанбе (5 декабр) ҳадафи ҳамалоти ракетӣ қарор гирифт. Ба нақл аз мақомоти артиши Ироқ ду ракет дар дохили ин пойгоҳи ҳавоӣ фуруд омаданд.

Мақомоти вазорати умури хориҷаи Амрико иддао карданд, Эрон эҳтимолан дар ҳамла ба пойгоҳи ҳавоии Балад дар Ироқ даст доштааст.

Ин ҳамла талафот ё хисороти ҷонӣ, надошта ва ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти онро бар ӯҳда нагирифтааст.

Ду рӯз пеш аз ҳамла ба пойгоҳи Балад, пойгоҳи ҳавоии Айн ал Асад, маҳалли истиқрори нерӯҳои амрикоӣ дар устони Анбор воқеъ дар ғарби Ироқ низ сешанбе (3 декабр) ҳадафи ҳамла қарор гирифта буд. Панҷ ракет дар ин пойгоҳ фуруд омад, ки ба гуфтаи мақомоти ироқӣ, талафоте надошт.

 

Барчасп