Ҳимояти Конгресси Амрико аз иғтишошоти ахир дар Эрон
(last modified 2019-12-12T14:43:31+00:00 )
Декабр 12, 2019 19:43 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Конгресси Амрико аз иғтишошоти ахир дар Эрон

Дар идомаи рӯйкарди мудохилаҷӯёнаи Амрико ва ҳимоят аз иғтишошоти ахири Эрон ин бор Конгресси Амрико лоиҳае дар ҳимоят аз иғтишошгарон ироа кард.

Ба гузориши рӯзномаи Вашингтон Таймз, Ҷо Уилсон, намояндаи ҷумҳурихоҳи иёлати Каролинаи Ҷанубӣ ва аз нависандагони ин лоиҳа, дар хусуси ин иқдоми Конгресс иддао кард, бо ин қатънома, Конгресс, паёми ду ҳизби ҷумҳурихоҳ ва демократро ба мардуми Эрон мубтанӣ бар ҳимоят аз ормонҳои демократии онҳо иблоғ  мекунад.

Аз тарафи дигар,Тед Дойч, намояндаи демократи иёлати Флорида ва аз дигар нависандагони ин лоиҳаи зидди эронӣ, дар ҳимоят аз иғтишошоти ахир дар Эрон, муддаӣ шуд, бархӯрди давлат бо ошӯбгарон, ки амволи умумиро тахриб карда буданд, нақзи ҳуқуқи башар аст.

Амрико дар ҳоле мавзеи ҳимоят аз ҳуқуқи башарро иттихоз карда, ки солҳост бо эъмоли шадидтарин таҳримҳо, монеъ аз дастрасии мардуми Эрон ба асоситарин ниёзҳояшон ҳамчун дору ва дигар ақломи зарурӣ шудааст.

Иҷрои тарҳи ислоҳи қиммати сӯхт (бензин) дар Эрон аз 15 ноябр, эътирози мусолиматомези мардумро дар Теҳрон ва бархе шаҳрҳои дигари Эрон ба ҳамроҳ дошт. Аммо иддае ошӯбгари омӯзишдида бо ҳузур дар миёни мӯътаризон ба амволи умумӣ ва шахсӣ ҳатто бонкҳо ва мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва мошинҳои умумӣ осеб ворид карданд.

 

Барчасп