Декабр 13, 2019 16:42 Asia/Dushanbe
  • Эрон аз “Би Би Си” -и форсӣ шикоят кард

Ҳамиди Баидинажод, сафири Эрон дар Англия аз шикоят алайҳи “Би Би Си” –и форсӣ хабар дод.

Ҳамиди Баидинажод дар паёме дар сафҳаи Твиттери худ навишт, дишаб муҷрии “Би Би Си” -и форсӣ дар мусоҳиба бо Фарзонаи Фасеҳӣ, фаъоли сиёсӣ дар Амрико, ки аз қабл забт ва тарроҳӣ шуда буд, бо тафсири бисёр дурӯғин аз шароити иқтисодии Эрон, сароҳатан мардумро ба хориҷ кардани фаврии дороии худ аз бонкҳо фаро мехонд.

Сафири Эрон дар Англия ин иқдомотро мушорикат дар проекти терроризми иқтисодӣ алайҳи миллати Эрон донистааст.

Баидинажод пештар дар паёме дар сафҳаи Твиттери худ навишта буд, ниҳоди назорат бар шабакаҳои тасвирӣ дар Англия (Офком) дар посух ба шикояти Ҷумҳурии Исломии Эрон алайҳи шабакаҳои ситезагар, зимни таъйиди дарёфти шикояти Эрон, омодагии худро барои баррасии ин шикоят ба маҳзи дарёфти барномаҳои мушаххаси мавриди шикоят эълом кард.

Ба гуфтаи сафири Эрон дар Англия, ҳамзамон шикояти Эрон алайҳи “Би Би Си” -и форсӣ низ аз тариқи шабакаи ҷаҳонии Би Би Си пайгирӣ мешавад.