Декабр 14, 2019 14:19 Asia/Dushanbe
  • Баргузории панҷумин ҳамоиши устодони забони форсӣ ва эроншиносони Русия

Панҷумин ҳамоиши устодони забони форсӣ ва эроншиносони Русия баргузор шуд.

Ба нақл аз Исно,панҷумин ҳамоиши солонаи устодони забони форсӣ ва эроншиносони Русия ва ҳавзаи Авруосиё бо ҳузури беш аз сад тан аз эроншиносони минтақаҳои мухталифи Русия ва намояндагоне аз Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон, Тоҷикистон ва ҳавзаи Балтика ва низ устодоне аз кишвари Эрон ба даъвати сафорати кишвари Эрон дар Маскав баргузор шуд. Дар маросими ифтитоҳияи ин ҳамоиш Маҳдӣ Саноӣ сафири кишвари Эрон ба баёни ҳадафҳои ҳамоиш ишора кард ва аз талошҳои эроншиносони минтақаҳои мухталифи Русия тамҷид кард.

Олон Оқоев раиси Донишгоҳи давлатии володии Қафқоз низ ба унвони суханрони ифтитоҳия, ба ҳамкориҳои кишвари Эрон ва минтақаи Қафқози шимолӣ ва иқдомҳои анҷомшуда дар ҳавзаи мутолиоти эронӣ дар ин Донишгоҳ пардохт. Дар ин ҳамоиши як рӯза таи се нишаст,ҳудуди 30 суханрон аз минтақаҳои мухталиф ба ироаи гузориши иқдомот ва пружаҳои дар дасти иқдоми худ ва низ мушкилот ва мувафақиятҳои касбшуда пардохтанд. Дар маросими ихтитомияи ин Ҳамоиши солона,ки бо ҳузури сафири кишвари Эрон,раиси Донишгоҳи давлатии Доғистон, муовини Донишгоҳи давлатии Санктпетербург ва муовини Донишгоҳи улуми инсонии Маскав баргузор шуд, сафири кишвари Эрон бо ироаи лавҳи тақдир ва ҳадяҳое, аз 4 маркази намунаи эроншиносии Русия,ки таи соли гузашта иқдомҳои барҷастае дар ҳавзаи мутолиоти эронӣ ва забони форсӣ анҷом дода буданд, тақдир ба амал овард.

Барчасп