Декабр 14, 2019 19:06 Asia/Dushanbe
  • Рунамоӣ аз роботи инсоннамои эронӣ+видеоӣ

Роботи инсоннамои эронии Сурно-4 дар донишгоҳи Теҳрон рунамоӣ шуд.

Ба нақл аз ИРНО, роботи инсоннамои Сурно-4, ки рӯзи шанбе бо ҳузури Сурно Сатторӣ муовини илмӣ ва технологии раёсат ҷумҳурии Эрон рунамоӣ шуд, тавоноии роҳ рафтан бо суръати 0/7 километр бар соатро дорад ва метавонад матнро ба гуфтор табдил кунад.

Ин роботи инсоннамо як маҳсули комилан эронӣ аст ва ба шакли бумӣ ба дасти нухбагони эронӣ дар донишгоҳи Теҳрон тарроҳӣ ва то кунун 4 нусха аз он ироа шудааст.

Роботи Сурно 170 сантиметр ва 70 килограмӣ аст ва метавонад руи сатҳҳои ноҳамвор ҳаракат кунад ва таодули худро дар сурати бурузи мушкил бозёбӣ кунад.

Аз дигар тавоноиҳои Сурно-4 метавон ба қобилиятҳои гол задан, анҷоми ҳаракатҳои гуногун ҳамчун даст додан ва адои эҳтиром ва ҷобаҷоӣ ва баланд кардани чизҳо ишора кард.

Посухгӯӣ, биноӣ  ва ташхиси 100 шайъи мухталиф аз дигар тавоноиҳои ин робот аст.

Роботи инсоннамои эронии Сурно-4 ҳамчунин тавоноии бардоштани шайъҳои бузург ба сурати тамомтана, тавоноии навиштан, тақлиди ҳаракатҳои шахси дигар, анҷоми ҳаракатҳои таркибии дасту по ва тавоноии тағйири нурпардозии гуши роботро дорад.