Декабр 15, 2019 15:07 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб Дабири кулли Маҷмаи тақриби мазоҳиби исломиро мансуб карданд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ҳукме ҳуҷатул ислом Ҳамиди Шаҳриёриро ба Дабири куллии Маҷмаи тақриби мазоҳиби исломиро мансуб карданд .

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ҳукми интисоби Дабири кулли нави Маҷмаи тақриби мазоҳиби исломӣ хотирнишон карданд, имрӯз дар саросари ҷаҳони ислом, ақлоният бархурдор аз ҳидояти илоҳӣ, нухбагон ва фарзонагон ва хайрхоҳонро беш аз пеш ба поёдорӣ дар баробари фитнаҳо ва хусуматҳои мазҳабӣ ташвиқ мекунад ва ин ба таври комил нуқтаи муқобили сиёсатҳои куфр ва истикбори ҷаҳонӣ аст, ки ба оташафрӯзӣ миёни мусулмонон дил баста ва ба фирқасозӣ рӯй оварда ва биҳамдуллилоҳ дар чанд озмоиш ба сахтӣ шикаст хурдааст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ тасреҳ карданд, интизор аз Маҷмаи тақриб он аст, ки бо истифода аз зарфияти беинтиҳои ақлонияти исломие, ки дар нерӯҳои фикрӣ ва илмии ҷаҳони ислом вуҷуд дорад ба вижа баргузидагони ҷавон ва пурнишот гоми баланде дар тақриби фикрӣ ва илмии мазҳабҳои исломӣ бардошта ва ҳаракатеро, ки аз чанд даҳа пеш оғоз шудааст навсозӣ кунад.