Масъуди Сулаймонӣ: Пешрафти донишмандони эронӣ душманонро асабонӣ мекунад
Донишманди эронӣ, ки ба тозагӣ аз зиндони Амрико озод шудааст гуфт: Он чизе, ки душманонро нороҳат мекунад ва нисбат ба он ҳарос доранд, илми Эрон аст.
Ба гузориши хабаргузории Тасним, Масъуди Сулаймонӣ донишманди эронӣ, дар маросими истиқбол аз озодӣ аз зиндони Амрико дар Донишгоҳи тарбияти мударрис дар Теҳрон гуфт: Ҳеҷ чиз муҳимтар аз ин нест, ки кишвар бар рӯи тавони дохилии худаш биистад ва он ҳам танҳо бо илм имконпазир аст.
Сулаймонӣ афзуд: Хӯи истикбории амрикоиҳо намегузошт, ки додгоҳи вай баргузор шавад, чаро ки онҳо медонистанд ҳеҷ гуна истидлол ва мадраке алайҳи вай надоштанд. Вай аз ҳама донишгоҳиён ва донишҷӯён хост, бо қудрат ва суръати бештар дар ҳавзаи илм ва фанноварӣ талошҳои худро идома диҳанд.
Доктор Масъуди Сулаймонӣ ҳамчунин аз ҳама ниҳодҳо ва донишҷӯён ва донишгоҳиёни Эрон барои талошҳое, ки барои озодии вай анҷом доданд, ташаккур кард.