Декабр 15, 2019 21:46 Asia/Dushanbe
  • Тадовуми иддаои такрории Брайан Ҳук алайҳи Эрон

Бо вуҷуди гузориши дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, намояндаи вижаи Амрико дар умури Эрон, дар иддаои такрорӣ Эронро масъули ҳамла ба таъсисоти нафтии Арабистон "Арамко" муаррифӣ кард.

Ба гузориши Блумберг, Брайан Ҳук, намояндаи вижаи Амрико дар умури Эрон рӯзи шанбе дар ҳошияи нишасти Доҳа ҳамчунин муддаӣ шуд, ҳатто бо вуҷуди таҳримҳо алайҳи Эрон, Амрико ҳамчунон аз идеяи гуфтугӯ бо ин кишвар истиқбол мекунад.

Майк Помпео, вазири умури хориҷаи Амрико низ рӯзи шанбе дар иддаое тоза Эронро ба ҳамла алайҳи таъсисоти нафтии Арабистон муттаҳам кард.

Изҳороти мақомоти амрикоӣ дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Антониу Гуттереш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба тозагӣ эълом кард, ин созмон наметавонад ба таври мустақил тасдиқ кунад, ки мушакҳо ва паҳподҳои истифодашуда дар ҳамла ба таъсисоти нафтии "Арамко" дар Арабистон, маншаи эронӣ доштаанд.

 

Барчасп