Декабр 16, 2019 14:45 Asia/Dushanbe
  • Мушовири фармондеҳи муъаззами кулли қуво: Эрон посухи сахте ба зиёдахоҳии душманон медиҳад

Мушовири фармондеҳи муъаззами кулли қувои Эрон дар ҳавзаи саноати дифоӣ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳ гуфт, агар душманон бихоҳанд барои Эрон маҳдудият ва ноамнӣ эҷод кунанд, посухи сахте дарёфт хоҳанд кард.

Сардор сартиб Ҳусайни Деҳқон мушовири фармондеи муъаззами кулли қувои Эрон дар ҳавзаи саноати дифоӣ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳ бо таъкид бар ин ки нерӯҳои мусаллаҳи Эрон барои муқобила бо душманон дар омодагии комил ҳастанд афзуд, Амрико бо овардани нерӯҳои худ ба минтақа ҳадафҳои қобили дастраси хуберо барои Эрон эҷод кардааст.

Сартиб Деҳқон мусалласи ғарбӣ, арабӣ ва ибриро боиси эҷоди ноамнӣ дар минтақаи ғарби Осиё донист ва тасреҳ кард, ҳадафи қудратҳои истикборӣ аз эҷоди нооромиҳо дар минтақаи ғарби Осиё тасаллут бар манобеи ин минтақа ва фуруши силоҳ аст.

Мушовири фармондеҳи муъаззами кулли қувои Эрон бо  баёни ин ки Эрон ҳаргиз ба дунболи эҷоди таниш дар минтақа нест изҳор кард, Эрон мудофеи амният ва суботи минтақааст ва бештарин ҳазинаро барои ҳифзи суботи минтақа додааст.

Сартиб Деҳқон ҳамчунин бо ишора ба таҳаввулоти Ироқ гуфт, Арабистон, Исроил ва Амрико шеваҳои наве барои мудохила дар эътирозҳои ахири Ироқ ба кор мегиранд ва онон намехоҳанд Ироқ кишваре мустақил ва қавӣ бошад.

Мушовири фармондеҳи муъаззами кулли қувои Эрон дар ҳавзаи саноати дифоӣ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳ таъкид кард, мардуми Ироқ набояд иҷоза диҳанд, ки тазоҳурот аз чорчуби мусолиматомези худ хориҷ шавад.