Декабр 16, 2019 18:49 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нишасти тавсеаи равобити тиҷории Эрон ва Ҷопон

Нишасти тавсеаи равобити тиҷории Эрон ва Ҷопон имрӯз(душанбе) дар Теҳрон баргузор шуд.

Сайидаббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон дар ин нишаст, бо ишора ба сафари Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Токио дар ояндаи наздик гуфт, сафарҳои мутақобили сарони Эрон ва Ҷопон нишондиҳандаи истеҳкоми равобити ду кишвар аст.

Ироқчӣ тасреҳ кард, сафарҳои мақомҳои Эрон ва Ҷопон ба пойтахтҳои ду кишвар дар шароите анҷом мешавад, ки Эрон дар баробари сиёсати фишори ҳаддиаксарии Амрико қарор дорад ва анвои тавтеаҳо барои мунзавӣ кардани Эрон сурат мегирад.

Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин бо ишора ба мавонеи пеши рӯи равобити иқтисодии Теҳрон ва Токио изҳор кард, бунёни равобити ду кишвар ба гунае аст, ки бо вуҷуди фишорҳо ва таҳримҳо ба ҳамкории дуҷониба идома медиҳанд.

Митсуо Сэйто (Mitsuo Saito), сафири Ҷопон дар Эрон низ дар ин нишаст бо баёни инки равобити иқтисодии Теҳрон ва Токио кофӣ нест, таъкид кард, ширкатҳои Ҷопон ба ояндаи Эрон умед доранд ва ҳамчунон дар Эрон ҳузур доранд.

Дар ҳошияи ин нишаст, намоишгоҳи ёдбуди 90-умин соли барқарории равобити дипломатии Эрон ва Ҷопон низ ифтитоҳ шуд.