Декабр 18, 2019 12:57 Asia/Dushanbe
  • Ироқчӣ: Эрон дар ҳеҷ сатҳе бо Вашингтон музокира намекунад

Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон бо баёни ин, ки Теҳрон дар ҳеҷ сатҳе бо Вашингтон музокира намекунад, таъкид кард: Амрико бо хурӯҷ аз БАРҶОМ музокираро ба таҷрибае бад ва номуваффақ табдил кард.

Сайид Аббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо шабакаи China Global Television Network-и Чин, ки сешанбешаб пахш шуд, бо таъкид бар ин, ки Теҳрон эътимоде ба Амрико надорад гуфт: Эрон ҳеҷ гоҳ таҳти фишори музокира намеравад.

Ироқчӣ дар мавриди осори таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон низ изҳори назар кард: Таҳримҳо фурсатҳоеро барои Эрон эҷод кард ва Ҷумҳурии исломӣ тавонист аз тариқи муомилаи паёпай бо шарикони худ, табодул бо арзи миллӣ ва барномарезӣ барои иқтисоди нафтӣ, иқтисоди босуботтаре дошта бошад.

Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон дар посух ба суоле дар мавридии коҳиши тааҳҳудоти Эрон дар БАРҶОМ ҳам тасреҳ кард: Коҳиши тааҳҳудоти Эрон дар БАРҶОМ посухе ба хурӯҷи Амрико аз ин тавофуқ аст.