Рӯҳонӣ ; дар ростои манофеъ аз музокира истиқбол мекунем
(last modified Sat, 21 Dec 2019 07:56:58 GMT )
Декабр 21, 2019 12:56 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ ; дар ростои манофеъ аз музокира истиқбол мекунем

Раиси ҷумҳурии исломии Эрон эълом кард ; Теҳрон аз ҳар тарҳе,ки муҷиби афзоиши табодулоти иқтисодӣ ба вижа дар ҳавзаи энержӣ ва афзоиши содирот ва фуруши нафти Эрон шавад,истиқбол мекунад.

Ба гузориши ИРНА, Ҳасани Рӯҳонӣ ҷумъа шаб пас аз дидор ва гуфтугу бо Оба Шинуз нахуствазири Ҷопон дар Токиё, дар ҳисоби ТВИТТЕРИИ худ, тасриҳ кард ; дар ростои манофеъи молии худ аз ҳеҷгуна музокира ва тавофуқе, рӯйгардон нестем.

Раиси ҷумҳурии исломии Эрон,ки ба даъвати нахуствазири Ҷопон дар садри як ҳайати олимартаба барои анҷоми гуфтугуҳои дуҷониба ва баррасии муҳимтарин масоили байналмиллалӣ ва минтақаӣ субҳи рӯзи ҷумъа вориди Токиё шудааст, афзуд ; таҳримҳои Амрико зидди Эрон навъе терорризми иқтисодӣ аст ва кишварҳое,ки дар роҳи муқобила бо терорризм фаъолият мекунанд,бояд бо ин иқдом муқобила кунанд.

Ин даҳумин дидори раиси ҷумҳурии Эрон ва нахуствазири Ҷопон дар 7 соли гузашта аз ибтидои раёсати ҷумҳурии Рӯҳонӣ аст. Ҷопон ва Эрон равобити дӯстонае доранд ва ҳафтаи гузашта низ навадумин соли равобити сиёсии худро ҷашн гирифтанд.