Декабр 21, 2019 20:02 Asia/Dushanbe
  • Интихоби куштигирони эронӣ ба унвони бартаринҳои ҷаҳон дар соли 2019

Иттиҳодияи ҷаҳонии куштӣ ду озодкори эрониро ба унвони бартарин куштигирони радаи синнии зери 23 соли ҷаҳон дар соли 2019 муаррифӣ кард.

Ба нақл аз Хабаргузории садо ва симо, Иттиҳодияи ҷаҳонии куштӣ ҳарсола дар поёни сол, бартарин куштигирони ҷаҳонро муаррифӣ мекунад.

Бар ин асос, Иттиҳодияи ҷаҳонии куштӣ дар гузорише Муҷтабо Гулиҷро ба унвони бартарин озодкори радаи синнии зери 23 сол муаррифӣ кард.

Ин озодкори эронӣ дар солҳои 2017 ва 2019 ба медали тиллои вазни 97 килограми мусобиқоти зери 23 соли ҷаҳон даст ёфтааст.

Ҳамчунин Раҳмон Амузода озодкори вазни 48 килограм, ки дар мусобиқоти ҷаҳонии куштии озоди соли 2019 тавонист медали тиллои соли гузаштаро такрор кунад, аз сӯи Иттиҳодияи ҷаҳонии куштӣ ба унвони бартарин куштигири ҷаҳон интихоб шуд.