Декабр 21, 2019 21:09 Asia/Dushanbe
  • Баргузории оини шаби Ялдо дар саросари Эрон

Ҷашни шаби Ялдо дар саросари Эрон имшаб бо гирди ҳам омадан ва шабнишинии аъзои хонавода ва ақвом дар канори якдигар баргузор мешавад.

Мардуми Эрон имшабро ба унвони нахустин ва тулонитарин шаби зимистон ҷашн мегиранд.

Шаби Ялдо ба замони байни ғуруби офтоб аз 30 озар (21 декабр) ҳамзамон бо охирин рӯзи тирамоҳ то тулуи офтоб дар аввали моҳи дей (22 декабр) нахустин рӯзи зимистон гуфта мешавад.

Оини шаби Ялдо ё шаби Чилла ба унвони яке аз куҳантарин ҷашнҳои эронӣ, ҳамроҳ бо хурдани донагиҳои махсус, тарбуз, анор ва ширинӣ ва меваҳои гуногун ҳамроҳ аст, ки тамомии онҳо ҷанбаи намодин доранд ва нишонаи баракат, тандурустӣ, фаровонӣ ва шодкомӣ ҳастанд.

Ҳамчунин шоҳномахонӣ, қиссагӯии бузургони хонавода барои дигар аъзои хешованд ва фолгирӣ бо девони Ҳофиз  роиҷ аст.