Гуфтугӯи вазирони хориҷаи Эрон ва Ҳинд дар Теҳрон
Декабр 22, 2019 17:38 Asia/Dushanbe
Нишасти Комиссияи муштараки иқтисодии Эрон ва Ҳинд бо ҳузури вазирони умури хориҷаи ду кишвар дар Теҳрон баргузор шуд.
Сабраманям Джайшанкар, вазири умури хориҷаи Ҳинд ва Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар ин нишаст дар бораи равобити дуҷониба ва масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ ройзанӣ карданд.
Вазири умури хориҷаи Ҳинд барои ҳузур дар нишасти Комиссияи муштараки иқтисодии Эрон ва Ҳинд, имрӯз, якшанбе вориди Теҳрон шуд.