Гуфтугӯи вазирони хориҷаи Эрон ва Ҳинд дар Теҳрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i49314-Гуфтугӯи_вазирони_хориҷаи_Эрон_ва_Ҳинд_дар_Теҳрон
Нишасти Комиссияи муштараки иқтисодии Эрон ва Ҳинд бо ҳузури вазирони умури хориҷаи ду кишвар дар Теҳрон баргузор шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 22, 2019 14:08 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи вазирони хориҷаи Эрон ва Ҳинд дар Теҳрон

Нишасти Комиссияи муштараки иқтисодии Эрон ва Ҳинд бо ҳузури вазирони умури хориҷаи ду кишвар дар Теҳрон баргузор шуд.

Сабраманям Джайшанкар, вазири умури хориҷаи Ҳинд ва Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар ин нишаст дар бораи равобити дуҷониба ва масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ ройзанӣ карданд.

Вазири умури хориҷаи Ҳинд барои ҳузур дар нишасти Комиссияи муштараки иқтисодии Эрон ва Ҳинд, имрӯз, якшанбе вориди Теҳрон шуд.