Зариф: иқдоми ҷамъӣ барои муқобила бо таҳримҳои Амрико зарурӣ аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i49330-Зариф_иқдоми_ҷамъӣ_барои_муқобила_бо_таҳримҳои_Амрико_зарурӣ_аст
Вазири умури хориҷаи Эрон якшанбешаб дар Твиттер, иттиҳодияи ҷомеаи байналмиллалро барои муқобила бо руйкарди беморгунаи Амрико дар таҳрим кардани кишварҳо хостор шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 23, 2019 10:38 Asia/Dushanbe
  • Зариф: иқдоми ҷамъӣ барои муқобила бо таҳримҳои Амрико зарурӣ аст

Вазири умури хориҷаи Эрон якшанбешаб дар Твиттер, иттиҳодияи ҷомеаи байналмиллалро барои муқобила бо руйкарди беморгунаи Амрико дар таҳрим кардани кишварҳо хостор шуд.

Ба нақл аз ИРНО, Муҳаммадҷаводи Зариф бо ишора ба эътиёди Амрико ба  таҳрим дар Твиттер навишт, муқобила бо таҳримҳои Амрико ниёзманди азму иқдоми ҷамъӣ аст.

Вазири хориҷаи Эрон афзуд, эътиёди беморгунаи Амрико ба таҳрим, ҳам дустон ва ҳам душманони Вашингтонро таҳти таъмир қарор медиҳад магар ин ки ба шакли дастаҷамъӣ бо он муқобила шавад.

Амрико дар моҳҳои гузашта илова бар таҳримҳои кишварҳое, ки бо онҳо душманӣ дорад ба самти таҳрими кишварҳои муттаҳиди худ ҳам ҳаракат кардааст.

Дар будҷети дифоии соли 2020 давлати Амрико, илова бар Эрон, Русия, Кореяи Шимолӣ ва Чин, кишварҳое чун Туркия ва кишварҳои аврупоӣ ҳам ба таҳрим таҳдид шудаанд.

Амрико ҳамчунин ду муттаҳиди дигари худ аз ҷумла Миср ва Ҳиндро ҳам ба далели хариди таслиҳоти русӣ ба таҳрим таҳдид кардааст.