Мусавӣ: Эрон дустони даврони сахтиро фаромуш нахоҳад кард
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i49385-Мусавӣ_Эрон_дустони_даврони_сахтиро_фаромуш_нахоҳад_кард
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, Эрон дустони даврони сахтиро фаромуш нахоҳад кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 24, 2019 09:05 Asia/Dushanbe
  • Мусавӣ: Эрон дустони даврони сахтиро фаромуш нахоҳад кард

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, Эрон дустони даврони сахтиро фаромуш нахоҳад кард.

Саид Аббоси Мусавӣ сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи сешанбе дар гуфтугӯ бо ИРНО, бо баёни ин ки Теҳрон ва Маскав равобити таърихӣ ва вижае доранд афзуд, равобити Эрон ва Русия бо вуҷуди фарозу нишебҳое, ки дар давраҳои мухталиф махсусан дар ду садаи ахир тай карда, аммо пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ ба вижа дар солҳои ахир ин равобит афзоиши чашмгире доштааст.

Мусавӣ бо таъкид бар ин ки равобити Теҳрон-Маскав душманон ва ихлолгароне ҳам дорад  тасреҳ кард, Эрон ва Русия ба унвони ду кишвари ҳамсоя ва ду қудрати минтақаӣ дар канори ҳам истодаанд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо баёни ин ки Эрон ва Русия дар маҷомеи байналмиллалӣ ҳамкорӣ ва ҳамсӯии хубе бо якдигар доранд изҳор кард, Теҳрон ва Маскав дар мавзӯи Сурия дар ҳоли поён додан ба танишҳо ва бозгардондани субот ва амният ҳастанд, ки ин субот ба кули минтақа сароят хоҳад кард.

Мусавӣ таъкид кард, дар масоили дуҷониба ҳам Русия дар канори Эрон буда ва бо вуҷуди таҳримҳо ва фишорҳое, ки Амрико ва ғарбиҳо ба Эрон таҳмил кардаанд Маскав дар канори Теҳрон аст.