Декабр 26, 2019 12:25 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугуҳои муовинони вазирони хориҷаи Эрон ва Русия дар заминаи муқобила бо терорризм

Муовинони вазирони хориҷаи Эрон ва Русия дар умури муқобила бо терорризм дар Маскав дидор ва гуфтугу карданд.

Ба нақл аз Форс, Деҳқонӣ дар ин дидор ҳимояти пинҳон ва ошкори бархе кишварҳои минтақа ва низ ғарбиҳо аз гурӯҳҳои терорристиро омили аслии рушд ва густариши терорризм ва ифротгароӣ ба вижа дар минтақаи ғарби Осиё баршумурд ва бар зарурати тақвияти ҳамкориҳо ва табодули назари муназам байни Эрон ва Русия дар ин замина таъкид кард.

Серув малатов низ дар ин дидор аз бархурди дугонаи бархе аз кишварҳои ҷаҳон бо терорризм интиқод кард ва хостори тадовуми ҳамкориҳои созандаи Русия ва Эрон дар ҳавзаи масоили амниятӣ шуд.

Деҳқонӣ ва  Серув Малатов дар ин дидор бо ризоятмандӣ аз раванди рӯ ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва байналмиллалии Эрон ва Русия дар арсаҳои мухталиф аз ҷумла дар заминаи муқобила бо терорризм ба вижа дар Сурия, роҳҳои иртиқои ҳамкорӣ байни ду кишвар дар ин хусусро баррасӣ карданд.

Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 бо таҳоҷуми густардаи гурӯҳҳои терорристии мавриди ҳимояти Арабистон, Амрико ва мутаҳидонашон барои тағйири муодилоти минтақа ба нафъи режими Саҳюнистӣ оғоз шуд. Дар паи он Сурия аз Эрон ва Русия хост ба Димишқ дар мубориза бо терорристҳо кумак кунад.

 

 

Барчасп