Фурсати беназири Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё барои Эрон
(last modified Fri, 27 Dec 2019 13:21:33 GMT )
Декабр 27, 2019 18:21 Asia/Dushanbe
  • Фурсати беназири Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё барои Эрон

Вазири роҳу шаҳрсозии Эрон иҷро шудани мувофиқатномаи муваққати тартиботи минтақаи озоди тиҷорӣ байни Эрон ва Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиёро фурсате беназир тавсиф кард ва гуфт, бозаргонони эронӣ бояд ба таври ҷиддӣ аз ин фурсати беназир истифода кунанд.

Муҳаммади Исломӣ асри панҷшанбе дар ҳошияи боздид аз ҷодаи Нико – Бушеҳр, шарқи устони Мозандарон дар шимоли Эрон, дар гуфтугӯ бо ИРНА, дар бораи аҳамияти мувофиқатномаи муваққати тартиботи минтақаи озоди тиҷории АвруОсиё изҳор дошт, Эрон аз тариқи ин иттиҳодия метавонад то Аврупо ва Чин бо ҳамлу нақли таркиби обӣ ва роҳи оҳан, колоҳои худро содир ва ё колоҳои мавриди ниёзашро ворид кунад.

Мувофиқатномаи муваққати тартиботи минтақаи озоди тиҷорӣ байни Эрон ва Иттиҳоди АвруОсиё моҳи октябр иҷроӣ шуд. Ин мувофиқатнома табодули 862 навъи коло байни кишварҳои узвро осон мекунад, ки 360 навъ аз ин колоҳо тарҷеҳоти эътоии АвруОсиё ба Эрон ва 502 навъ маҳсулоти дигар ҳам тарҷеҳот эътоии Эрон ба Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиёст.

Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё шомили панҷ кишвари Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва Беларус аст. Ҳаҷми тиҷорати кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар соли 2018 наздик ба 866 миллиард доллар буд, ки аз ин мизон 320 миллиард доллар марбут ба воридоти ин панҷ кишвар будааст.