Вуруди сафири нави Эрон дар Русия ба Маскав
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i49473-Вуруди_сафири_нави_Эрон_дар_Русия_ба_Маскав
Сафири нави Эрон дар Русия вориди Маскав шуд.
(last modified 2025-09-23T05:42:19+00:00 )
Декабр 28, 2019 10:57 Asia/Dushanbe
  • Вуруди сафири нави Эрон дар Русия ба Маскав

Сафири нави Эрон дар Русия вориди Маскав шуд.

Козим Ҷалолӣ сафири нави ҷумҳурии исломии Эрон дар федератсияи Русия аз тариқи фурдгоҳи Внуково дар ҷануб ғарби Маскав вориди Русия шуд.

Ба нақл аз ИРНА аз Маскав, Ҷалолӣ қарор аст ба зуди сикони ҳидояти дипламатии Эрон дар сарзамини тарозҳоро баруҳда бигирад.

Пеш аз вай Маҳдии Саноӣ ба муддати шаш сол сафири Эрон дар  федератсияи Русия буд.

Ҷалолӣ дар ҳоле вориди Русия шуд ва бо истиқболи намояндагони сафорати Эрон,  Ҳуҷатулислом Акбарӣ Ҷидӣ намояндаи дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ ва ҷамъае аз дипламатҳо ва масулони ниҳодҳои эронии мустақар дар Русия мувоҷаҳ шуд,ки равобити Эрон ва Русия ба гувоҳи соҳибназарон дар болотарин сатҳи худ қарор дорад.

Сафири нави Эрон дар рӯзҳои оянда бо Владимир Путин раиси ҷумҳурии Русия дидор хоҳад кард ва пас аз тақдими устуворномаи худ ба раиси ҷумҳурии Русия,ба сурати расмӣ маъмурияти худро дар паҳновартарин кишвари ҷаҳон оғоз хоҳад кард.