Декабр 28, 2019 11:25 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Эрон барои ҳамкорӣ бо Покистон дар заминаи решакании фақр

Муовини вазири беҳдошт,дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон,фақр ва беҳдоштро аз умдатарин масоили кишварҳо донист ва таъкид кард ; Теҳрон омодаи ҳамкорӣ ва табодули тиҷорат бо Исломобод барои решакании фақр аст.

Ба гузориши ИРНА; Боқир Лорийҷонӣ муовини вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон,ки дар садри ҳайате ба Исломобод сафар кардааст, рӯзи ҷумъа дар дидори хонуми  Сония Ништар дастёри вижаи Умронхон, нахуствазири Покистон дар умури рифоҳи иҷтимоӣ ва мубориза бо фақр гуфт ; таҳкими ҳамкории муштарак дар ростои рифоҳи ҳоли мардуми ду кишвар зарурӣ аст.

Лориҷонӣ бо ишора ба ин,ки Эрон 97 дарсад доруҳои мавриди истифодаи мардумро дар дохил тавлид мекунад афзуд ; Эрон омодаи интиқоли таҷрибаҳои худ ба Покистон дар ҳавзаи беҳдошт, тадвини барномаи табодули донишҷу ва ҳамчунин устодони ҳавзаи улуми пизишкӣ ва дармонӣ аст.

Хонуми Сония Ништар, дастёри вижаи Умронхон нахуствазири Покистон дар умури рифоҳи иҷтимоӣ ва мубориза бо фақр низ дар ин дидор робитаҳои Теҳрон ва Исломободро олӣ тавсиф кард ва гуфт ; Эрон ва Покистон дӯстони якдигар дар лаҳзаҳои сахт ҳастанд.

 Ништар бо таъкид бар зарурати истифодаи Покистон аз таҷрибаҳои низоми беҳдошт ва саломатии Эрон тасриҳ кард ; имконоти дармонӣ ва низоми беҳдошти Эрон бо вуҷуди ин,ки бо таҳримҳои сахт мувоҷаҳ аст, дар сатҳи бисёр олӣ ва мудерн қарор дорад.

 

Барчасп