Декабр 29, 2019 13:10 Asia/Dushanbe
  • Устоди шатранҷи Эрон ноиб қаҳрамони ҷаҳон шуд

Алиризо Фирӯзҷо устоди шатранҷи Эрон бо касби ҳашт пирӯзӣ ва панҷ баробар, унвони ноиб қаҳрамонии мусобиқоти ҷаҳониро дар бахши сариъ аз они худ кард.

Ба нақл аз ИРНО, Алиризо Фирӯзҷо шанбешаб дар бахши сариъи ин рақобатҳо дар Русия бо касби 10.05 имтиёз аз понздаҳ даври мусобиқа унвони ноибқаҳрамониро аз они худ кард.

Фирӯзҷо дар даври поёнӣ бо ғалаба бар Шаҳриёр Мамадёров шатранҷбози номдори ҷумҳурии Озарбойҷон унвони ноиб қаҳрамонӣ касб кард.

Магнус Карлесени белгияӣ унвони қаҳрамониро аз они худ кард.

Фирӯзҷо соли гузашта унвони шашуми ин бахшро аз они худ карда буд.

 

Барчасп