Декабр 29, 2019 17:46 Asia/Dushanbe
  • Мӯсавӣ хабар дод: Зариф имшаб роҳии Маскав мешавад

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: Вазири умури хориҷаи Эрон дар чорчӯби ройзаниҳои мустамар миёни Ҷумҳурии исломии Эрон бо Русия, имшаб (якшанбе) ба Маскав, пойтахти ин кишвар меравад.

Сайидаббоси Мӯсавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбн дар ҷвмъи хабарнигорон бо баёни ин, ки тайфи мухталифе аз мавзӯот дар сафари Муҳаммадҷаводи Зариф ба Русия мавриди ройзанӣ қарор мегирад., афзуд: Масоили марбут ба раводиди дуҷониба ва охирин таҳаввулоти байналмилалӣ дар ин сафар мавриди гуфтугӯ қарор мегирад.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷа дар бораи сафари эҳтимолии вазири умури хориҷа ба Ню-Йорк барои ширкат дар нишасти Шӯрои амнияти Сзомони Милали Муттаҳид ҳам гуфт: Аз вазири умури хориҷа барои ширкат дар нишасти фавқулоддае, ки ба муносибати 75-умин салгарди таъсиси Созмони Милал аст, даъват шудааст.

Мӯсавӣ бо баёни ин, ки нишасти Шӯрои Амният ба манзури баҳсу баррасӣ дар бораи маншури Созмони Милали Муттаҳид баргузор мешавад, тасреҳ кард: Вазири умури хориҷа қасди ширкат дар нишастро дорад, албатта, агар барои эшон шароити лозим фароҳам шавад ва раводид барояшон содир шавад.

 

Барчасп