Декабр 31, 2019 10:15 Asia/Dushanbe
  • Вазири умури хориҷаи Эрон вориди Пекин шуд

Вазири умури хориҷаи Эрон, дар садри ҳайате олирутба барои дидор ва гуфтугӯ бо вазири умури хориҷаи Чин вориди Пекин шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Саидаббоси Ироқчӣ муовини сиёсии вазири умури хориҷа низ Зарифро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекунад. Зариф, ки ба даъвати Ванг Йи вазири умури хориҷаи Чин ба Пекин сафар карда қарор аст  бо ӯ дидор ва дар бораи Барҷом, равобити ду кишвар ва масоили муҳими минтақаӣ ва байналмиллалӣ гуфтугӯ кунад. Раиси дастгоҳи депломасии Эрон пеш аз азимат ба Чин рӯзҳои шанбе ва якшанбе ба манзури дидор бо вазири умури хориҷаи Русия ба Маскав сафар ва дар бораи равобити дуҷониба, БАРҶОМ, масоили минтақаӣ ва байналмиллалӣ бо мақомоти рус дидор ва гуфтугӯ кард.