Январ 01, 2020 17:08 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Амрикоиҳо интиқоми ДИИШ - ро аз “Ҳашдушшаъбӣ” мегиранд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо баёни ин ки “ман, давлат ва миллати Эрон, ҷинояти Амрико дар ҳамла ба “Ҳашдушшаъбӣ”-и Ироқро ба шиддат маҳкум мекунем”, таъкид карданд, ҳамлаи Амрико ба “Ҳашдушшаъбӣ” дар воқеъ гирифтани интиқоми ДИИШ буд, зеро он нерӯе, ки ДИИШ -ро замингир кард ва аз байн бурд, басиҷи мардумии Ироқ буд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи чаҳоршанбе дар дидори ҳазорон нафар аз парасторони саросари Эрон, мавҷи танаффур аз Амрико дар минтақа, ба вижа дар Ироқро вокуниши табиии мардум нисбат ба ҷиноятҳои Амрико баршумурданд ва афзуданд, мардуми минтақа ба шиддат аз Амрико мутанаффиранд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин бо ишора ба изҳороти раисҷумҳури Амрико дар муқассир донистани Эрон ба унвони омили аслии қазоёи рӯзи сешанбеи Ироқ ва таҳдиди миллат Эрон, таъкид карданд, Амрико ғалат кардааст, зеро ин мавзуъ рабте ба Эрон надорад.

Раҳбари инқилоб таъкид карданд, ҳама бидонанд, ҷумҳурии исломӣ ба дунболи ҷанг нест, аммо бо ҳар кас, ки манофеъ, масолеҳ, иззат, азамат ва пешрафти миллати Эронро таҳдид кунад, бидуни мулоҳиза муқобила ва зарбаи сахте ба ӯ ворид хоҳад кард.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо ишора ба ҷиноятҳои Амрико, ба вижа дастгоҳи хабиси “Блок Вотер” дар Ироқ ва дар Афғонистон ва куштори ҳазорон донишманди ироқӣ ва ҳамчунин мардуми оддӣ хотирнишон карданд, сафари мақомҳои амрикоӣ ба бархе кишварҳои минтақа бидуни иҷозаи ин кишварҳо ва ҳузур дар пойгоҳҳои худ, намунаи дигаре аз рафторҳои таҳқиромези Амрико зидди кишварҳо ва миллатҳои минтақа аст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ миллати Эронро миллате шуҷоъ, бобасират ва омода ба кор дар ҳамаи арсаҳо хонданд ва гуфтанд, пирӯзӣ мутааллиқ ба миллати Эрон аст ва фардои кишвар ба маротиб беҳтар аз имрӯз хоҳад буд.

 

Барчасп