Январ 01, 2020 18:14 Asia/Dushanbe
  • Эҳзори ҳофизи манофеи Амрико ба Вазорати умури хориҷаи Эрон

Кордори Сафорати Швейтсария ба унвони ҳофизи манофеи Амрико ба Вазорати умури хориҷаи Эрон эҳзор шуд.

Ба гузориши идораи кулли иттилоърасонӣ ва умури сухангӯии Вазорати умури хориҷаи Эрон, Муҳсини Баҳорванд, дастёри вазири умури хориҷаи Эрон дар дидори кордори Сафорати Швейтсария дар Теҳрон бо баёни ин ки мардуми Ироқ ба кишваре, ки сарзамини онҳоро ишғол карда ва ҷавонони онҳоро мекушад, вокуниш нишон медиҳанд, изҳор дошт: Мақомоти амрикоӣ беҳтар аст даст аз фарофиканӣ бардошта ва бедалел ба Эрон иттиҳом назананд. Дастёри вазири умури хориҷаи Эрон изҳор дошт, Эрон кишваре ҷангталаб нест, вале дар муқобили ҳар гуна таҳдид ва ҳар иқдоми нобихрадонае ҳам дастбаста нест ва бо тамоми қудрат аз худ дифоъ мекунад.

Паҳподҳои амрикоӣ якшанбешаб мавозеи типҳои 45 ва 46-и басиҷи мардумии Ироқ (Ҳашдушшаъбӣ) дар шаҳри Ал-Қоим, дар марзи Ироқ бо Сурияро ҳадаф қарор доданд, ки дар ин ҳамла дастикам 25 нафар аз аъзои “Ҳашдушшаъбӣ” шаҳид ва 51 нафар захмӣ шуданд.

Мақомоти амрикоӣ пас аз ин таҷовуз, дар иддаоҳое амалиёти низомии суратгирифтаро дар вокуниш ба иқдомоти Эрон дар Ироқ тавсиф карданд. Ақшор ва гурӯҳҳои мухталифи ироқӣ дар эътирози ҳамлаи Амрико ба мавозеи “Ҳашдушшаъбӣ”, рӯзи гузашта (сешанбе) дар муқобили сафорати Амрико дар Бағдод таҷаммуъ карда ва эътирози худро эълом карданд. Ин эътирозот имрӯз низ идома ёфтааст. Пас аз ин эътирозот, раисҷумҳурӣ ва вазири умури хориҷаи Амрико дар изҳороти ҷудогона муддаӣ шуданд, эътирозоти рухдода дар муқобили сафорати Амрико аз сӯи Эрон тарроҳӣ ва иҷро шудааст.