Январ 03, 2020 17:52 Asia/Dushanbe
  • Хурӯши мардуми Эрон дар маҳкумияти ҷинояти Амрико дар террори сипаҳбуд Сулаймонӣ

Мардуми саросари Эрони исломӣ пас аз иқомаи намози ҷумъа, бо баргузории роҳпаймоӣ, ҷинояти Амрикоро дар ба шаҳодат расонидани сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ маҳкум карданд.

Мардуми Эрони исломӣ дар ин роҳпаймоӣ, ки дар шаҳрҳои мухталиф, аз ҷумла Теҳрон баргузор шуд, шиорҳои “Ин ҳама лашкар омада, ба ишқи Раҳбар омада”, “Ҳусайн - Ҳусайн шиори мост, шаҳодат ифтихори мост”, “марг бар Амрико” ва “Марг бар Исроил” сар доданд.

 Ақшори мухталифи мардуми Эрон дар ин роҳпаймоӣ бар лузуми гирифтани интиқом аз омилони шаҳодати сипаҳбуд Сулаймонӣ таъкид карданд.

Сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бомдоди имрӯз (ҷумъа) дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ наздики фурудгоҳи Бағдоди Ироқ ба шаҳодат расид.

Ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовиз ва террористии Амрико ба мошини ҳомили сипаҳбуд Сулаймонӣ, ҳамроҳон ва ҷамъе аз фармондеҳони “Ҳашдушшаъбӣ” -и Ироқ, аз ҷумла Абумаҳдӣ Ал-Муҳандис, ки барои барномарезии муқобила бо тавтеаи ҷадиди амрикоиҳо дар эҳёи ДИИШ ва гурӯҳакҳои такфирӣ ва барҳам задани дубораи амнияти Ироқ, дар ҳоли сафар ба мақарри мавриди назар буданд, ба дасти амрикоиҳои террорист ба шаҳодат расиданд.