Январ 04, 2020 18:03 Asia/Dushanbe
  • Сардор Шикорчӣ: Эрон иқдоми Амрикоро посух медиҳад

Сухангӯи баландпояи нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гуфт, агар ҷанг ва даргирӣ сурат гирад ин амрикоиҳо ҳастанд, ки осеби ҷиддӣ хоҳанд хурд ва агар девонагӣ кунанд посухи муҳкамтаре мегиранд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сардор сартип посдор Абулфазли Шикорчӣ сухангӯи баландпояи нерӯҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории Меҳр бо ишора ба бархе матолиби расонаҳои бегона дар бораи эҳтимоли вуқуи ҷанг дар сурати посухи Эрон ба ҳаракати террористии Амрико гуфт, посух ба иқдоми террористии Амрико ҳақи Эрон аст ва ҳатман ҷумҳурии исломӣ ба ин иқдоми террористӣ посух хоҳад дод.

Сартип Шикорчӣ бо таъкид бар ин ки Эрон иқдоми террористии Амрикоро ба шиддат посух хоҳад дод афзуд, Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҳар иқдоми эҳсосӣ ва шитобзада худдорӣ мекунад, вале қатъан ҳамон интиқоми сахте, ки хости миллати Эрон ва миллатҳои озодихоҳи ҷаҳон аст, иттифоқ хоҳад афтод ва амрикоиҳо аз ин иқдом пушаймон хоҳанд шуд.

Шурои олии амнияти миллии Эрон асри ҷумъа дар баёнияе аз тасмимгирӣ дар хусуси вокуниш ба террори сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ хабар дод ва эълом кард, ин ҷинояткорон бо интиқоми сахт дар замон ва макони муносиб ру ба ру хоҳанд шуд.

Сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бомдоди рӯзи ҷумъа дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ дар фурудгоҳи Бағдод пойтахти Ироқ ба шаҳодат расид.

Барчасп