Нақошии ҳунарманди ҷавони эронӣ барои сардор шаҳид Сулаймонӣ
Ҳасан Руҳуламин ҳунарманди нақоши эронӣ, ки шаҳид сардор Қосими Сулаймонӣ алоқаи хосе ба осори нақошии ӯ дошт, ба муносибати шаҳодати ин сардори бузурги муқовимат асари наверо халқ кардааст.
Ба нақл аз Хабаргузории садо ва симо; дар паи шаҳодати мазлумонаи сардор сипаҳбуд ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ Ҳасани Руҳуламин нақоши ҷавон ва шинохтаи эронӣ асари наве бо унвони асҳоби охару замонии Абоабдиллоҳил Ҳусайн (а) офарид.
Дар ин асар пайкари шаҳиди гаронқадри Қосими Сулаймонӣ дар оғӯши ҳазрати Абоабдиллоҳил Ҳусайн (а) дида мешавад.
Ин асар нишондиҳандаи солҳо муҷоҳидати сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ дар ҳифзи ҳарамҳои мутаҳҳари наводагони гаронқадри расули Худо (с) дар Ироқ ва Сурия аст, то ин шаҳиди бузургвор дар зумраи асҳоби охару замонии Абоабдиллоҳил Ҳусайн (а) қарор гирад.
Шаҳид Қосими Сулаймонӣ алоқаи хосе ба осори Ҳасани Руҳуламин дошт ва ду сол пеш бар китоби маҷмуаи осори ӯ дастнавиштае нигошта буд.