Идомаи ройзании сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон бо мақомоти кишварҳои мухталиф
Вазири умури хориҷаи Эрон дар идомаи ройзаниҳои сиёсӣ ва дипломатии худ бо мақомот ва бархе ҳамтоёни худ дар бораи ташҳавулоти пас аз шаҳодати сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи "Қудс"-и Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, телефонӣ гуфтугӯ кард.
Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон, имрӯз якшанбе бо Зораб Мнатсаканян, вазири умури хориҷаи Арманстон, Рашид Мередов, вазири умури хориҷаи Туркманистон, Зиёд Нахола, дабири кулли Ҷиҳоди исломии Фаластин ва Исмоил Ҳанийа, раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) телефонӣ ройзанӣ кард.
Дар ду рӯзи гузашта вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯҳои телефонӣ бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои Русия, Чин, Ироқ, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Туркия, Туркманистон, Тоҷикистон ва ҳамчунин масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва масъули иҷроии давлвати Афғонистон охирин таҳаввулоти пас аз иқдоми террористии Амрико ва ба шаҳодат расондани сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймониро баррасӣ кард.