Мақоми рус: Амрико ҳамаи кор кард то Эрон аз БарҶом хориҷ шавад
(last modified 2020-01-06T14:29:26+00:00 )
Январ 06, 2020 19:29 Asia/Dushanbe
  • Мақоми рус: Амрико ҳамаи кор кард то Эрон аз БарҶом хориҷ шавад

Намояндаи Русия дар созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена бо ишора ба гоми ниҳоии коҳиши тааҳҳудоти Эрон дар БарҶом дар интиқод аз мавозеи Вашингтон гуфт: «Амрико ҳамаи талоши худро кард то Эрон аз БарҶом хориҷ шавад».

Михаил Улянов, намояндаи Русия дар созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена аз қабили Ожонси байналмилалии энержии атомӣ зимни интиқоди шадид аз  мавозеи Вашингтон дар қиболи Теҳрон, дар бораи гоми панҷум ва ниҳоии коҳиши тааҳҳудоти Эрон дар БарҶом изҳори назар кард.

Ба гузориши Форс,шомгоҳи якшанбешаб давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар баёнияе гоми панҷум ва ниҳоии коҳиши тааҳҳудоти Эрон дар БарҶом-ро эълом кард, ки бар асоси он, Эрон, дигар бо ҳеҷ маҳдудияте дар ҳавзаи амалиётӣ (шомили зарфияти ғанисозӣ, дарсади ғанисозӣ, мизони маводи ғанишуда, ва таҳқиқ ва тавсеа) мувоҷиҳ нест.

Тибқи ин баёния, «ҳамкории Эрон бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ мисли қабл идома хоҳад ёфт ва дар сурати рафъи таҳримҳо ва мунтафеъ шудани Эрон аз манофеи БарҶом, Ҷумҳурии Исломии Эрон омодаи бозгашт ба тааҳҳудоти БарҶом-ии худ мебошад».

Михаил Улянов, ки тайи як соли ахир борҳо дар радди мавозеи Амрико ва сиёсати корзори фишори ҳаддиаксарии давлати Доналд Трамп алайҳи Эрон изҳори назар карда буд, ба гоми ниҳоии Эрон дар коҳиши тааҳҳудоти БарҶом-ӣ вокуниш нишон дод.

Улянов дар як паёми “Твиттер”-ӣ  навишт: «Иёлоти муттаҳида тамоми талоши худро барои хурӯҷи Эрон аз БарҶом анҷом дод ва саранҷом ба ин ҳадафи худ расид. Теҳрон акнун бо ҳеҷ маҳдудияте дар заминаи ҳастаӣ мувоҷиҳ нест (албатта ба ҷуз маҳдудиятҳои NPT). Оё ин дақиқан ҳамон чизе аст, ки Вашингтон ба думболи ҳусул будааст?»