Идомаи ҳамкории Эрон бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ
(last modified Mon, 06 Jan 2020 15:56:28 GMT )
Январ 06, 2020 20:56 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҳамкории Эрон бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ

Ожонси байналмилалии энержии атомӣ хабар дод, ки Эрон эълом карда, ҳамкорӣ бо ин ниҳод ҳамонанди қабл ҳамчунон идома меёбад.

Ин ниҳоди байналмилалӣ дар идомаи баёнияи худ эълом кард, ки кишварҳои узвро дар замони муқтазӣ дар ҷараёни ҳар таҳаввуле қарор хоҳад дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон шаби гузашта (якшанбе) гоми панҷум ва ниҳоии коҳиши тааҳҳудоти Эрон дар БарҶом-ро эълом кард, ки бар асоси он, Эрон, дигар бо ҳеҷ маҳдудияте дар ҳавзаи амалиётӣ (шомили зарфияти ғанисозӣ, дарсади ғанисозӣ, мизони маводи ғанишуда, ва таҳқиқ ва тавсеа) мувоҷиҳ нест.

Эрон бо судури баёнияе дар бораи гоми панҷуми БарҶом-ӣ гуфт: «ҳамкории Эрон бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ мисли қабл идома хоҳад ёфт. Дар сурати рафъи таҳримҳо ва мунтафеъ шудани Эрон аз манофеи БарҶом, Ҷумҳурии Исломии Эрон омодаи бозгашт ба тааҳҳудоти БарҶом-ии худ мебошад. Созмони энержии атомӣ муваззаф аст, дар ин чорчуби иқдомот ва тамҳидоти лозимро бо ҳамоҳангии раисиҷумҳур иттихоз кунад.»