Январ 07, 2020 10:42 Asia/Dushanbe
  • Видои мардуми Эрон бо пайкари сипаҳбуд шаҳид Сулаймонӣ; имрӯз дар Кирмон

Маросими видоъ ва хоксупории пайкари сипаҳбуд шаҳид Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ субҳи имрӯз (сешанбе) дар Кирмон баргузор мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, пайкари мутаҳҳари сипаҳбуд шаҳид Сулаймонӣ пас аз ташиъ дар Ироқ ва шаҳрҳои Аҳвоз, Машҳад, Теҳрон ва Қум бомдоди имрӯз дар миёни истиқболи пуршури мардуми Эрон вориди Кирмон шуд. Пайкари сипаҳбуд шаҳид Сулаймонӣ бинобар васияти ишон, дар гулзори шаҳидони шаҳри Кирмон, ҷануби шарқи Эрон, ба хок супорида мешавад. Ҳамчунин маросими ташиъи сипаҳбуд шаҳид Сулаймонӣ ва ҳамразмони шаҳидаш рӯзи гузашта бо ҳузури ҳудуди 7 миллион нафар аз мардуми Эрон дар Теҳрон баргузор шуд. Сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ  фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ки бомдоди рӯзи ҷумъа ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд ба ҳамроҳи Абумаҳдӣ Алмуҳандис муовини басиҷи мардумии Ироқ ва 8 нафари дигар дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ наздики фурудгоҳи Бағдоди Ироқ ба шаҳодат расид.