Оғози маросими ташиъи пайкари шаҳид сипаҳбуд Сулаймонӣ дар Кирмон
Маросими ташиъи пайкари шаҳид сипаҳбуд Сулаймонӣ дар Кирмон оғоз шуд.
Ба нақл аз ИКНО, пайкари шаҳидон Қосими Сулаймонӣ ва Ҳусайни Пурҷаъфарӣ бо шиори Ҳусайн ороми ҷонам,руҳу равонам ва Сали ало Муҳаммад ёвари раҳбар омад ва дар миёни ғаму андуҳи мардуми шаҳидпарвари Кирмон вориди майдони Озодӣ шуд.
Пайёми мақоми муаззами раҳбаарӣ дар пайи шаҳодати сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ тавассути ҳуҷҷатул ислом Алидодии Сулаймонӣ имоми ҷумъаи Кирмон дар майдони Озодӣ қироат шуд.
Аз соатҳои аввалияи субҳ ҳузур мардум дар майдони Озодии Кирмон ва масирҳои мунтаҳӣ ба гулзори шаҳидон ҷолиби таваҷҷуҳ аст ва пешбинӣ мешавад ин маросими ташиъ бо ҳузури беш аз як миллион нафар дар Кирмон баргузор шавад.
Мудири кулли бунёди шаҳиди Кирмон эълом кардааст ба далели ин ки маҳалле, ки сардор Сулаймонӣ васият кардаанд дар канори мазори шаҳид Юсуфуллоҳӣ ба сохтмони Маҳдияи гулзори шаҳидони Кирмон наздик аст ва бо таваҷҷуҳ ба теъдоди зиёди ташиъкунандагон пешниҳод додем, ки маҳаллеро низ дар васати гулзори шаҳидони Кирмон таҳия кунанд, ки то ин лаҳза ҳануз маҳалли дақиқи хоксупорӣ маълум нест ва мунтазири тасмими ниҳоӣ аз сӯи хонаводаи шаҳид ҳастем.
Сардор Саломӣ фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Муҳсени Ризоӣ дабири Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом ба манзури ширкат дар ойини видоъ бо пайкари шаҳид Сулаймонӣ ва шаҳидони ин роҳ вориди майдони Озодии Кирмон шуданд.
Суханронии фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар маросими ташиъи пайкари шаҳид сипаҳбуд Сулаймонӣ дар Кирмон оғоз шуд.
Сардор Саломӣ дар миёни шиорҳои пай да пайи мардуми Кирмон ибтидои суханони худ эълом кард, ҳарфи охирро аввал мезанам. Интиқоме сахт, қотеъ ва пушаймонкунанда мегирем.