Январ 09, 2020 18:17 Asia/Dushanbe
  • Расонаҳои Русия: Эрон ба бартарии роҳбурдӣ дар муқобили Амрико даст ёфт

Ба ақидаи коршиносон, Доналд Трамп тарҷеҳ дод ба ҳамлаи интиқомҷӯёнаи Эрон ба пойгоҳҳои Амрико дар Ироқ, посухи низомӣ надиҳад ва худро даргири ҷанге накунад, ки манофеаш дар муборизоти интихоботиро ба хатар андозад ва акнун Эрон ба "бартарии роҳбурдӣ" дар муқобили Амрико даст ёфт.

Скотт Тейлор, коршиноси низомии конодоӣ, сардабир ва ношири маҷаллаи тахассусии «Esprit De Corps» дар мусоҳиба бо хабаргузории «ТАСС» ва тафсири изҳорти  Трамп дар бораи Эрон, чунин ибрози ақида кардааст, ки Эрон муваффақ шуд то бо иҷтиноб аз як ҷанги тамом айёр, дар равобит бо Амрико, ба як бартарии роҳбурдӣ даст ёбад.

Вай гуфт: «Ман эътиқод надорам, ки Эрон токунун ҳам қасди ҷанги густурдае бо Амрико дошта буд, зеро бартарии низомии беш аз ҳадди амрикоиҳо чунин даргириро ба фоҷиа табдил мекунад. Вале посухи маҳдуд ба террори генерал, эрониёнро ба як бартарии роҳбурдӣ нисбат ба Иёлоти муттаҳида расондааст. Чаро, ки давлати Ироқ қаблан хостори хурӯҷи Амрико ва соири кишварҳои узви эътилофи байналмилалӣ аз қаламрави худ шуда ва акнун дер ё зуд Вашингтон бояд ба ин хостаи Бағдод тан дар диҳад ва ин масъала як пирӯзӣ барои Теҳрон маҳсуб мешавад.»

Ин коршинос мӯътақид аст, ки ин ду ҳодиса, нуфузи Амрико дар Ховари Миёнаро коҳиш дода ва боиси афзоиши нуфузи Эрон дар минтақа мешавад.

Долгов Борис, коршиноси аршади Маркази таҳқиқоти арабӣ ва исломӣ дар Русия низ ба ин хабаргузории гуфтааст, суханони Трамп дақиқан дар ин ҷиҳатгирӣ буд то вахомати авзоъ дар минтақаро коҳиш дода ва аз бурузи даргирии низомӣ бо Эрон ҷилавгирӣ кунад.

Вай афзуд: «Агар авзоъ ба самти даргирии низомӣ кашида мешуд, бидуни тардид пойи муттаҳидини Амрико дар минтақа -Исроил ва Арабистони Саудӣ, низ ба он кашида шуда ва мунҷар ба густариши таниш ва қурбониёни бештаре мегардид.»

Ба ақидаи ин коршинос, як омили боздорандаи дигар дар тасмимгирии мақомоти Вашингтон ин воқеият аст, ки муттаҳидини аврупоии Амрико аз иқдомоти мутаҷовизонаи ин кишвар дар минтақаи Ховари Миёна ҳимоят намекунанд.

 

Барчасп