Эрон - масъули расидагӣ ба суқути ҳавопаймои украинӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i49853-Эрон_масъули_расидагӣ_ба_суқути_ҳавопаймои_украинӣ
Раиси Созмони ҳавопаймоии Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон масъули расидагӣ ба сониҳаи ҳавопаймои мусофирбарии 737 –и украинӣ дар осмони Теҳрон аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 10, 2020 17:28 Asia/Dushanbe
  • Эрон - масъули расидагӣ ба суқути ҳавопаймои украинӣ

Раиси Созмони ҳавопаймоии Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон масъули расидагӣ ба сониҳаи ҳавопаймои мусофирбарии 737 –и украинӣ дар осмони Теҳрон аст.

Алии Обидзода, раиси Созмони ҳавопаймоии Эрон панҷшанбешаб дар гуфтугӯи телевизионӣ изҳор дошт, Эрон ҳеҷ ҳассосияте дар хусуси таҳвили ҷаъбаи сиёҳи ҳавопаймои “Бойинг 737”-и украинӣ надорад.

Обидзода афзуд, амрикоиҳо ва ширкати “Бойинг”  дар чанд моҳи ахир зиёни ҳангуфте дидаанд ва акнун агар мушаххас шавад суқути ҳавопаймои украинӣ дар осмони Теҳрон ба иллати нақси фаннӣ будааст, қатъан ба шиддат саҳҳоми ширкати “Бойинг” нузул мекунад ва ба ҳамин сабаб овозаҳоеро матраҳ мекунанд.

Раиси Созмони ҳавопаймоии Эрон гуфт, далоили бисёре вуҷуд дорад, ки суқути ҳавопаймои украинӣ рабте ба сомонаи падофанди Эрон надоштааст.

Обидзода изҳор дошт, Созмони байналмилалии ҳавопаймоӣ робитаи сохторҳои низомӣ ва ғайринизомиро барои кишварҳо мушаххас карда ва иртиботи созмони ҳавопаймоии кишварӣ бо сохторҳои низомии Эрон тобеи муқаррароти Созмони байналмилалии ҳавопаймоӣ аст.

Раиси Созмони ҳавопаймоии Эрон гуфт, шоҳидон дидаанд, ки оташ дар ҳавопаймои украинӣ вуҷуд дошта ва як дақиқа дар ҳавопаймо будааст, дар ҳоле, ки агар ба ҳавопаймо мушак мехурд, билофосила мунфаҷир мешуд.

Раиси Созмони ҳавопаймоии Эрон бо баёни ин ки вуҷуди бақоёи мушак дар атрофи ҳавопаймои сониҳадидаи украинӣ саҳеҳ нест, афзуд, инфиҷор бар асари бархурди ҳавопаймо бо замин будааст.

Ҷостин Трудо, нахуствазири Канада, бархе мақомоти амрикоӣ ва шуморе аз расонаҳои хориҷи рӯзи панҷшанбе дар бораи суқути ҳавопаймои мусофирбарии Украина дар осмони Теҳрон муддаӣ шуданд, ин ҳавопаймо бо як мушаки эронӣ ва эҳтимолан ба таври ғайриамд ҳадаф қарор гирифтааст.

Субҳи чаҳоршанбеи гузашта як ҳавопаймои мусофирбарии мутааллиқ ба хутути ҳавоии Украина наздики фурудгоҳи Имом Хумайни (раҳ) –и Теҳрон суқут кард, ки бар асари он 167 мусофир ва 9 хадамаи ин парвоз ҷон бохтанд.