Январ 10, 2020 18:39 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Сардор Сулаймонӣ амниятофарин буд

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон, фармондеҳи шаҳиди нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро сардори амниятофарин ва сулҳофарин донист.

Ҳуҷҷатулислом Муҳаммадҷавод Ҳоҷи Алиакбарӣ, хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба шаҳодати сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт, фазои Эрон, минтақа ва дигар кишварҳои исломӣ дар ҳафтаи гузашта оканда (моломол) аз тақвои илоҳӣ буд.

Ҳоҷи Алиакбарӣ вижагии хоси сардор Сулаймониро тақво донист ва афзуд, ин сардори воломақом минтақаро аз ДИИШ поксозӣ кард ва амниятро дар ғарби Осиё иртиқо ва фарҳанги муқовиматро дар сатҳи минтақа густариш дод.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, бо умқи роҳбурдии сардор Сулаймонӣ дар меҳвари муқовимат, амнияти Эрони исломӣ тазмин шуд ва амнияти ҷаҳонӣ низ иртиқо ёфт. Амнияте, ки ҳосили муқовимати фаъол аст.

Ҳоҷи Алиакбарӣ гуфт, сардор Сулаймонӣ бо пайравӣ аз мактаби Имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар тарбияти афроди муъмин, шуҷоъ, факур ва бо нигоҳи тамаддунӣ дар минтақаи васеи муқовимат ва тавсеаи фарҳанги тарбияти Исломи ноб дар минтақа талош ва ҷавонони рашиду шоистаеро тарбият кард.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бо баёни ин ки амрикоиҳо дар ба шаҳодат расонидани сардори муқовимат, ҳамоқати бузурге карданд, афзуд, шаҳодати сардори сипаҳбуд Сулаймонӣ ва дигар ҳамроҳонаш бо басирати уммати исломӣ ва ҳузури якпорчаи мардум, нуқтаи атфе дар таърихи инқилоби исломии Эрон ва минтақаи муқовимат шуд.

Сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ки бомдоди рӯзи ҷумъа (севуми январ) ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд, ба ҳамроҳи Абумаҳдӣ Алмуҳандис, ноибраиси Басиҷи мардумии Ироқ ва 8 нафари дигар аз ҳамразмонаш дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ ба фурудгоҳи Бағдоди Ироқ ба шаҳодат расид.

 

Барчасп