Январ 11, 2020 18:56 Asia/Dushanbe

Фармондеҳи ҳавофазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар тавзеҳи сарнагунии ҳавопаймои украинӣ гуфт, ки пас аз шунидани хабари ин фоҷеа, орзӯи марг кардам.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; Фармондеҳи ҳавофазои Сипоҳ, сардор Амиралии Ҳоҷизода дар нишасти хабарии рӯзи шанбе гуфт, хабари ҳодисаи суқути ҳавопайморо дар ғарби кишвар баъд аз иҷрои амалиёти зарбаҳои мушакӣ ба Амрико шунидам ва баъд аз шунидани хабар орзӯи марг кардам.

Вай афзуд, эй кош мемурдаму чунин сониҳаеро шоҳид набудам, зеро мо як умр худамонро пешмарги мардум кардаем.

Ин фармондеҳи низомии эронӣ таъкид кард, ҳамаи масъулияти корро мепазирем ва ҳар тасмиме, ки масъулон бигиранд мутиъи иҷрои он ҳастем.

Субҳи рӯзи шанбе нерӯҳои мусаллаҳи Эрон эълом кард, ки ҳавопаймои украинӣ, ки ҳафтаи гузашта дар Теҳрон суқут кард, ба иштибоҳ аз сӯи падофанди Эрон мавриди асобати мушак қарор гирифтааст.