Январ 11, 2020 19:24 Asia/Dushanbe
  • Ташарруфи ду пажуҳишгари рус ба дини мубини ислом

Ду пажуҳишгар аз Русия дар маросиме дар Донишгоҳи тарбият мударриси Теҳрон ба дини мубини ислом мушарраф шуданд.

Ба нақл аз Садо ва симо, Ник Таль пажуҳишгар ва донишҷӯи пасодоктории Донишгоҳи тарбият мударриси Теҳрон ба ҳамроҳи номзади худ Даря Фёдорова донишҷӯи соҳаи коргардонии театри Донишгоҳи Маскав рӯзи шанбе дар маросиме бо ҳузури раисон ва устодони Донишгоҳи тарбият мударриси Теҳрон бо гуфтани калимаи шаҳодат ба дини мубини ислом  мушарраф шуданд.

Ник Таль ахиран дар як конфронси байналмиллалӣ  дар Донишгоҳи тарбият мударриси Теҳрон ширкат карда буд ва пас аз он барои идомаи фаолиятҳои пажуҳишӣ дар ин донишгоҳ пазируфта шуд.

Вай пас аз ошноӣ ва мутолиаи дини ислом, номзади худро низ ба Теҳрон даъват кард ва имрӯз пас аз ташарруф ба дини ислом, маросими издивоҷи ин завҷи тозамусулмон дар Донишгоҳи тарбият мударриси Теҳрон баргузор шуд.

Бар асоси ин гузориш, ин ду донишҷӯ пас аз маросими издивоҷ номи худро тағйир доданд ва доктор Ник Таль номи Қосим ва Даря Фёдорова номи Сакинаро барои худ баргузиданд.

Дар солҳои ахир шумори зиёде аз шаҳрвандони кишварҳои мухталиф бо сафар ба Эрон ба дини мубини ислом мушарраф шудаанд.

 

Барчасп