Январ 12, 2020 12:08 Asia/Dushanbe
  • Мунтазири гузориши нерӯи интизомӣ ҳастем

Вазорати умури хориҷаи Эрон дар бораи мавзӯи боздошти чандсоатаи Сафири Англия дар таҷамуи шаби гузаштаи мардуми Теҳрон эълом кард, дар интизори гузориши нерӯи интизомӣ ва иттилоъ аз ҷузъиёти амр ҳастем.

Хабаргузории ИРНО навишт, ки хабарнигори ин хабаргузорӣ дар бораи ҷузъиёти боздошт ва озодии  Макэра Сафири Англия дар Теҳрон аз Вазорати умури хориҷа касби иттилоъ кард, ки ин вазоратхона дар хусуси мавзӯи дастгирӣ дар интизори гузориши нерӯи интизомӣ ва иттилоъ аз ҷузъиёти амр аст.

Дар ҷараёни таҷаммуи шомгоҳи гузашта ҷамъе аз мардум дар муқобили Донишгоҳи Амиркабир дар Теҳрон Сафири Англия дар Эрон, ки дар миёни таҷаммуъ ҳозир шуда буд, барои соатҳое боздошт шуд. Маротиби эътироз пас аз боздошт ба вай гуфта ва баъд озод шуд.

Вазири умури хориҷаи Англия боздошти сафири ин кишвар дар Эронро бар хилофи қавонини байналмиллалӣ донистааст.

 

Барчасп